Коэффитсиентҳои молиявӣ ва аҳамияти онҳо дар идоракунии фаъолияти суғуртавӣ

Бойгонии ахбор
05.10.2022

Коэффитсиентҳои молиявӣ ва аҳамияти онҳо дар идоракунии фаъолияти суғуртавӣ

Дар доираи кумаки техникии Бонки Осиёии рушд дар Бонки миллии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои суғуртавии ҷумҳурии кишвар аз рӯи мавзӯи “Муҳиммияти коэффитсиентҳои молиявӣ дар идоракунии фаъолияти суғуртавӣ” баргузор гардид. 

Чорабинии мазкур аз ҷониби мушовири байналмилалӣ дар соҳаи суғурта – Родольфо Веҳрҳаҳн гузаронида шуда, бо рӯнамои муфассал оид ба нақш ва муҳимияти дороиҳо, сармоя ва захираҳои суғуртавиро дар фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), инчунин истифодабарии меъёрҳои молиявӣ дар фаъолияти суғуртавӣ ба самъи иштирокчиён расонида шуд.

NBTL2280.JPG

Дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ ба диққати иштирокдорони он расонида шуд, ки захираҳои суғуртавӣ бояд дар сатҳи зарурӣ ташаккул дода шуда бошанд, то он ки анҷом додани пардохту ҷубронҳои имконпазири суғуртавиро таъмин карда тавонанд. Инчунин, муҳимияти дороиҳои пардохтпазири ташкилотҳои суғуртавӣ, ки барои пӯшонидани захираи зарарҳо заруранд, махсусан қайд гардида, таъкид шуд, ки пардохтпазирии дороиҳо бояд аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таъмин бошад.

Қобили қайд аст, ки дар қисмати ҷамъбастии семинари мазкур ба ҳозирин оид ба мавҷудияти хавфҳои суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва амалиётӣ бо такя ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод шуда, таҳлилҳои молиявии бозори суғуртаи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба масъалаҳои матраҳшудаи тренинги омӯзишӣ ба суолҳои намояндагони ташкилотҳои суғуртавии кишвар посухҳои мушаххас дода шуданд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку