Мулоқоти Гулбаҳор Назирӣ бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
11.10.2022

Мулоқоти Гулбаҳор Назирӣ бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

Рӯзи 5 октябри соли 2022 мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо бо мақсади татбиқи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои ташаккулёбии тарҳи нави лоиҳаи “Асосҳои рақамии Тоҷикистон”, такмили ҷузъҳои он ва иқдомҳои минбаъдаи Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дар вохӯрӣ мутахассиси калони бахши рушди рақамӣ Чарлз Хёрпи, мутахассиси бахши рушди рақамӣ Анелия Мюллер, мутахассиси молиявӣ Наргис Подчоева ва ёрдамчии барномавӣ Идибек Раҳимов иштирок намуданд. 

NBTL2391.JPG

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар оғози суҳбат намояндагони Бонки Ҷаҳониро хуш пазироӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманд ва кумакҳои ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Номбурда зикр намуд, ки татбиқи ин лоиҳа барои амалисозии мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, бахшҳои бонкию молиявӣ, афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ва беҳтар намудани дастрасии молиявии қишрҳои васеи аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар идомаи мулоқот аъзои ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ бо якчанд лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки татбиқи онҳо ба рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ таъсири мусбат мерасонанд, шинос карда шуданд. Амалисозии лоиҳаҳои мазкур корро дар ин самт самаранок гардонида, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва суботи низоми бонкӣ ва молиявии кишвар таъмин мегардад. Қобили қайд аст, ки пешниҳоди лоиҳаҳои зикршуда диққати ҳайати Бонки Ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, хуш пазируфта шуданд. 

NBTL2404.JPG

Сипас, мутахассиси калони бахши рушди рақамӣ Чарлз Хёрпи ва мутахассиси бахши рушди рақамӣ Анелия Мюллер аз ҳамкориҳои доимии самаровар бо Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки машварату муҳокимаҳо дар самти пешбурди лоиҳаи “Асосҳои рақамии Тоҷикистон” идома доранд. То кунун дар вохӯрию мулоқотҳо бо роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати молияи ҶТ ва дигар мақомоти давлатӣ баргузор гардида, лоиҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аъзои ҳайат қайд карданд, ки лоиҳаи зикршуда аз се банд иборат буда, дар он пешниҳоди босифати хизматрасониҳои давлатӣ, татбиқи пурраи самти иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии рақамии аҳолӣ ва мансабдорони давлатӣ дарҷ гардидаанд. 

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ барои амалисозии лоиҳаи “Асосҳои рақамии Тоҷикистон” арзи сипос намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои пурсамари Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ба рушди шабакаҳои дастрасии хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, пешниҳоди маҳсулоти молиявии босифат, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар поёни мулоқот номбурда омодагии Бонки миллии Тоҷикистонро барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати амалисозии саривақтӣ, босифат ва самараноки вазифаҳои гузошташуда дар самти татбиқи лоиҳаи “Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон” иброз намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Возврат к списку