Мулоқоти Назирӣ Гулбаҳор бо Эндрю Спиндлер

Бойгонии ахбор
04.11.2022

Мулоқоти Назирӣ Гулбаҳор бо Эндрю Спиндлер

Рӯзи 2 ноябри соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор бо намояндагони Ҳайати ихтиёриён оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) таҳти роҳбарии Президент ва директори иҷроияи ташкилоти зикршуда Эндрю Спиндлер баргузор шуд. Дар мулоқот роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии БМТ иштирок доштанд.

   Дар оғози вохӯрӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор ташрифи меҳмононро хуш пазируфта, ба Ҳайати ихтиёриён дар рушди хизматрасониҳои молиявӣ барои ҳамкории самаранок миннатдорӣ баён намуд.

01-min.JPG

- Бонки миллии Тоҷикистон, - гуфт Назирӣ Гулбаҳор, - дар тӯли се соли охир бо Ҳайати ихтиёриён ҳамкорӣ дорад ва дар ин муддат ду марҳилаи барномаи кумаки техникӣ аз рӯйи лоиҳаи “Баланд бардоштани  ягонагии молиявӣ ва таҳкими устуворию дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон” амалӣ гардиданд, ки дар робита ба ин,  ҳамкории бомуваффақияти ҳарду ташкилот дар рафти  амалӣ намудани лоиҳаи номбурда роҳандозӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки дар доираи амалӣ намудани марҳилаи дуюми ҳамкории техникӣ бо иштироки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ зиёда аз 20 чорабинии таълимӣ (машғулиятҳои амалӣ ва семинарҳо) баргузор шуданд.  

02-min.JPG

Самтҳои дигари ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳайати ихтиёриён оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ ташкил ва гузаронидани санҷиши берунаи аудити дохилӣ ба шумор рафта, дар ин самт низ натиҷаҳои самаранок ба даст оварда шуданд, - иброз намуд муовини раиси БМТ Назирӣ Гулбаҳор. Илова бар ин, мавсуф қаноатмандии хешро оиди амалӣ намудани нақшаҳои Ҳайати ихтиёриён дар доираи марҳилаи сеюми ҳамкории техникӣ иброз намуд.

Президент ва директори иҷроияи Ҳайати ихтиёриён оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ Эндрю Спиндлер, қабл аз ҳама  қайд намуд, ки аз меҳмоннавозии самимии мизбонон амиқан мутаассир ҳаст. Мо, - гуфт номбурда, - аз муносибати кории худ бо Тоҷикистон қаноатманд ҳастем ва онро қадр мекунем.

03-min.JPG

Эндрю Спиндлер дар идомаи суҳбат изҳор намуд, ки дар ду марҳилаҳои пешинаи лоиҳа бо ҳамкории БМТ ба дастовардҳои хуб ноил гаштааст, бинобар ин дар ин самт корҳо идома дода мешаванд ва  ҳамкории дуҷониба дар оянда низ пурмаҳсул ва судбахш хоҳад буд.

Дар фарҷоми мулоқот муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди БМТ бо Ҳайати ихтиёриён оид ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Шуъбаи матбуоти

БМТ


Возврат к списку