Бо гузашти 28 сол аз қабули санади бунёдии давлати соҳибистиқлоламон - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқии давлат пойдор гардида, самтҳои сиёсати пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфтанд, инчунин эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафтанд. Ҳамзамон пояҳои давлати тозаистиқлол мустаҳкам гардид, ки сарчашмаи дастовардҳои арзишманди халқи тоҷик дар ҷодаи созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб меёбад.
Бо садо додани суханҳои боло 4 ноябри соли равон муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир ҷамъомади тантанавиро бахшида ба муносибати таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Чорабинии мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк доир гашт.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир ҳозиринро аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 28-солагии қабули санади олии ҳуқуқӣ ва таърихӣ шодбош намуда, изҳор дошт, ки “Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба вуқуъ пайваст. Бинобар ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсоз асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии онро танзим намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кард ва эътимоду боварии мардуми Тоҷикистонро ба ояндаи нек ва ҳаёти орому осуда таҳким бахшид.”
- Муҳимтар аз ҳама, - гуфт Назирӣ Гулбаҳор, - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян намуд. Қабули Конститутсия – майлу иродаи шаҳрвандон барои таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои худ, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд ва дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ва имкони мусоид фароҳам овард, то мардуми тоҷик набзи худро бо набзи ҷаҳони имрӯза ҳамсадо созад.
Яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро риояи қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосии асосии таъмини суботу оромии ҷомеа ва пешрафту созандагии он маҳсуб мегардад. Барои ноил гаштан ба ин мақсад, пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми анъана дароварда шавад, - таъкид намуд муовини раиси БМТ Назирӣ Гулбаҳор.
Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ сардори Идораи ҳуқуқи БМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Беҳзод Расулов ба сухан баромада, қайд кард, ки ҷавҳари асосии Конститутсияи моро инсон ва ҳуқуқу озодии ӯ, ҳамчунин таъмини ҳаёти шоиставу арзандаи инсон ташкил медиҳанд. Ҳамаи дигар муқаррароти Конститутсия бо назардошти ҳамин ғояи асосӣ тарҳрезӣ шуда, татбиқ мегарданд.
Қайд гардид, ки муколамаи оммавӣ оид ба Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки бо муайян намудани мавқеи худ ва таҳлилу баҳогузорӣ, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеаю давлат, дар муайян намудани самтҳои нави рушди он бо шарҳу тавзеҳу нигоҳи нав саҳми шахсии худро гузорад. Аз ин рӯ, барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон омӯхтан, донистан ва роҳнамои ҳаёту фаъолият қарор додани Конститутсия вазифаи муқаддаси инсонӣ ва шаҳрвандӣ мебошад.
Бо шарофати Конститутсия, имруз мо фазои осоишта ва низоми мукаммали идораи мақомоти давлатӣ дорем, ки аз рӯи принсипи дарҳои боз бо шаҳрвандон муносибат мекунанд, дастрасӣ ба низоми маориф ва тандурустӣ сол аз сол беҳтар мегардад, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ дар сабади истеъмолии шаҳрвандон ҳамасола зиёд мегардад, давлат ва шаҳрвандон нақшаҳои стратегии дарозмуҳлатро татбиқ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ пазируфта шуда, бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ роҳандозӣ кардааст, - гуфт Беҳзод Расулов.
Ҳамчунин дар чорабинии муҳими имрӯза сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти БМТ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Султон Ҳасан суханронӣ намуда, иброз дошт, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 яъне 28-сол қабл, мардуми Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён собит намуданд, ки мардуми тоҷик соҳиби ҷомеаи иттифоқ, соҳибмаърифат ва мутамаддин ҳастанд ва бо ҳисси масъулият дар назди наслҳои оянда барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ба татбиқи арзишу неъматҳои умумибашарӣ талош хоҳанд кард.
Дар ҷараёни маҷлиси тантанавӣ кормандони бонк ба сухан баромада, оид ба муҳимияти ин санади сарнавиштсоз ақидаҳои худро баён доштанд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор изҳор дошт, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар кӯшиш менамоянд, ки муқаррароти Конститутсияро сармашқи кору зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор дода, бо фаъолияти созандаву самарабахш дар пешрафти низоми бонкии мамлакат ва ҳаёти иқтисодию молиявии ҷумҳурӣ ҳиссагузор бошанд.
Шуъбаи матбуоти БМТ