Рӯзи ҷаҳонии пасандоз дар Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
11.11.2022

Рӯзи ҷаҳонии пасандоз дар Тоҷикистон

Ҳамасола аксари кишварҳои дунё  31 октябрро ҳамчун  Рӯзи ҷаҳонии пасандоз  (World Savings Day) таҷлил менамоянд, ки ҳадафи асосии он ҳавасмандгардонӣ ва нигоҳ доштани ғояҳои нигоҳдории маблағи пулӣ ва оқилона сарф кардани он   мебошад.

01-min.JPG

Имсол низ тибқи анъана дар давоми моҳи октябр ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияву деҳаҳои  дурдаст бахшида ба нақши муҳимми пасандоз чорабиниҳои гуногун баргузор намуда, диққати асосиро ба он равона сохтанд, ки  ҳар касе ба пасандоз намудани пул тезтар  шуруъ менамояд, метавонад дар оянда онҳоро ҳамчун асоси мустақилияти молиявии худ истифода барад. Дар шакли омӯзишӣ ва фаъол  озмунҳо, вохӯриҳо, омӯзишҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои дигар ташкил карда, гузаронда шуданд. Ба тарбияи ҷавонон диққати махсус дода шуд, зеро муносибати дуруст бо пулро аз синни хурдсолӣ омӯзонидан зарур аст.

02-min.png

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии пасандоз шарикони Бонки миллии Тоҷикистон дар симои  ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давоми моҳи октябр ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  коллеҷҳу донишгоҳҳо рафта, бо ҷавонони фаъол масъалаи пасандозгузорӣ ва сарфаи пулро баррасӣ намуданд.Инчунин, бо истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла бонувон, вохӯриҳои иттилоотию маърифатӣ ташкил ва баргузор карда шуданд. Ҳамин тариқ, Рӯзи ҷаҳонии пасандоз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Хоруғ, Турсунзода, Панҷакент, Исфара, Истаравшан ва ноҳияҳои            Ҳамадонӣ, Ховалинг, Рашт, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Фархор, Деваштич, Шаҳритус, Ҷаббор  Расулов, Сино, Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла ноҳияву деҳаҳои  дурдастро фаро гирифт.

Донишҷӯёни баъзе  донишгоҳҳо тавонистанд аз Осорхонаи пули Бонки миллии Тоҷикистон дидан намоянд, ки дар он ҷо кормандони осорхона таърихи пайдоиши пулро дар ҳудуди Осиёи Миёна, аз ҷумла  собиқ давлатҳо, ки таърихан дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷойгир шуда буданд, хеле шавқовар нақл карданд.

03-min.jpg

Ҷавонон дар бораи барориши аввалини нишонаҳои пулӣ маълумоти хеле ҷолибро омӯхтанд, бо пули коғазӣ ва  тангаҳои асрҳои гузашта ва таҳаввулоти пули миллии Тоҷикистон шинос шуданд. Кормандони осорхона инчунин дар бораи таърихи пайдоиши пули милли «сомонӣ», аз ҷумла  дараҷаи ҳифозати он ва бисёр чизҳои дигар маълумот доданд.

Дар маҷмуъ, чорабиниҳо зиёда аз 6000 нафар ва ҳамчунин зиёда аз 10000 истифодабарандагони интернетро фаро гирифтанд. Тавре аз таҷриба бармеояд, сол то сол теъдоди иштирокдорони чунин чорабиниҳо меафзояд, ки ин аз афзун гаштани шавқи ҷавонон ба ин гуна чорабиниҳо дарак медиҳад.  

04-min.jpg

       Чунин иқдомҳо барои омӯхтани тарзи пасандоз намудани пул ва оқилона идора кардани пасандозҳои худ мусоидат менамоянд, зеро дарки аҳаммияти дурусти идоракунии маблағҳои шахсӣ барои суботи молиявӣ ва беҳбудии ҳар як нафар аҳаммияти хоса дорад.

Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии пасандоз, ки барои ҷавонони Тоҷикистон анъанаи хубе шудааст, имсол низ дар сатҳи баланд сурат гирифт.


Возврат к списку