Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон густариш медиҳад

Бойгонии ахбор
14.11.2022

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон густариш медиҳад

Рӯзҳои 3-4 ноябри соли 2022 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким дар дуюмин Форуми иқтисодии Ӯзбекистон таҳти унвони “Одамон дар қалби ислоҳоти иқтисодӣ”, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар кори ҳамоиши муҳими иқтисодӣ намояндагони сатҳи роҳбарикунандаи мақомоти бахши иқтисодӣ ва молиявӣ, аз ҷумла бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзида, масъалаҳои таъмини устувории макроиқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди бахши хусусиро баррасӣ карданд.

01.jpg

Қобили қайд аст, ки роҳбарони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ,  Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Осиёии Рушд ва дигар созмонҳои бонуфузи молиявӣ дар маросими ифтитоҳи расмии чорабинӣ иштирок намуда, фикру андешаҳои худро оид ба масоили суботи макроиқтисодӣ ва рушди устувор, ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, нақши рейтингҳо ва индексҳои байналмилалӣ, суръатбахшии фарогирии молиявӣ ва ғайра баён карданд.

Масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ ва дурнамои макроиқтисодӣ дар минтақа бо назардошти таъсири хавфҳои геосиёсӣ, чораҳои бахши молиявӣ барои коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ вобаста ба баландшавии нархи маводи озуқаворӣ ва маҳсулоти сӯзишворӣ, ҳифзи манфиатҳои кишварҳои аъзо дар доираи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар мизи мудаввари Форуми иқтисодӣ, ки зери унвони “Шарҳи дурнамои иқтисоди минтақа”таҳти роҳбарии Ҷиҳад Азур – директори Департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор шуд, баррасӣ гардиданд.

02.jpg

Мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурмуратов Мамаризо дар ҳошияи ҳамоиши дуюмин Форуми иқтисодии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои нав ва судманди низомҳои бонкии Тоҷикистону Ӯзбекистонро муҳокима намуданд.

Мусоҳибон дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар муҳити самимӣ ва дӯстона сурат гирифт, ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни бонкҳои марказӣ ва низомҳои бонкии ду кишвар дар самти назорати бонкӣ ва низомҳои пардохтӣ, густариши муносибатҳои муросилотӣ, кушодану роҳандозии суратҳисобҳои бонкӣ, амалигардонии пардохтҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.

03.jpg

Ҳамзамон, дар қисмати ҷамъбастии мулоқот бо мақсади рушду тавсеаи  ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши интиқоли фаромарзии маблағҳо, ташкили рақобати озоду солим, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани сатҳу сифат ва бехатарии хизматрасониҳои пардохтӣ ва мубодилаи иттилоот, Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи назорати иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ ба имзо расонида шуд.

Дар робита ба аҳамияти масъалаҳои дар вохӯрӣ баррасишуда Холиқзода Ҳоким ва Нурмуратов Мамаризо иброз доштанд, ки баргузории дуюмин Форуми иқтисодии Ӯзбекистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию молиявӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи матбуоти

БМТ


Возврат к списку