Ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Бима Ҳаёт” иҷозатнома дода шуд

Бойгонии ахбор
30.11.2022

Ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Бима Ҳаёт” иҷозатнома дода шуд

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2022 таҳти №138 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима Ҳаёт” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Тибқи қарори мазкур Идораи назорати суғуртавӣ муваззаф карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор ворид намояд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку