Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо ҳайати ХБА

Бойгонии ахбор
06.12.2022

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо ҳайати ХБА

5 декабри соли 2022 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти роҳбарии ҷаноби Мэтю Гертнер, ки дар доираи машваратҳои Моддаи IV ҷиҳати тавсеабахшии анъанавӣ бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот анҷом дод.

NBTL4524 01-1.jpg

Дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъорро бо вазъи мақроиқтисодии ҷумҳурӣ, раванди ислоҳот ва дастовардҳои низоми бонкии мамлакат шинос намуд. Сипас, номбурда дар мавриди вазъи геосиёсии дунё, таъсирҳои манфии он ба рушди иқтисодии мамолики минтақа, муносибатҳои байналмилалии тиҷоратӣ ва ғайра сухан ронда, қайд кард, ки ба таъсири ҳодисаҳои берунӣ нигоҳ накарда, дар зарфи даҳ моҳи соли 2022 муътадилии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин карда шуд.

“Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати ислоҳотии худро давом медиҳад ва вобаста ба ин пешниҳод менамоем, ки ҳамкориҳои техникӣ бо ХБА дар самтҳои муҳим, аз қабили сиёсати монетарӣ, омор ва тавозуни пардохт, барномасозӣ ва сиёсати молиявӣ, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, инкишофи низомҳои пардохт ва ғайра идома дода шаванд. Бовар дорем, ки ХБА ҳамкории худро дар самтҳои зикршуда бо БМТ идома хоҳад дод”, - изҳор дошт Ҳоким Холиқзода.  

NBTL4486-2.JPG

Ҷаноби Мэтю Гертнер дар навбати худ оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи ХБА бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Бонки миллии Тоҷикистон сухан ронда, иброз намуд, имсол дар бисёр соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои хуби иқтисодӣ ба даст оварда шуданд. Тавре аз нишондиҳандаҳои зикршуда бармеояд, рушди назарраси иқтисодӣ мушоҳида мешавад.

Номбурда дар идомаи суҳбат гуфт, ки ҳайати ХБА нақша дорад диққати худро ба дурнамои макроиқтисодӣ дар соли 2023, чораҳои сиёсат оид ба баланд бардоштани устувории макроиқтисодӣ ва ислоҳоти аввалиндараҷа, ки барои таъмини рушди баланд ва фарогири миёнамуҳлати иқтисодӣ заруранд, равона созад.

NBTL4509.JPG

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва аз нав барқарор кардани музокирот оид ба Барномаи нави ХБА барои Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳайати ХБА таҳти роҳбарии ҷаноби Мэтю Гертнер аз 5 то 16 декабри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо як қатор вазорату идораҳои бахши иқтисодии кишвар мулоқот анҷом хоҳанд дод.

 

Шуъбаи матбуоти
БМТ

 

 


Возврат к списку