Ба ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Эмин Сармоя” иҷозатнома дода шуд

Бойгонии ахбор
22.12.2022

Ба ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Эмин Сармоя” иҷозатнома дода шуд

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14, 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2022, таҳти №140 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Эмин Сармоя” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Вобаста ба ин, департаменти назорати бонкӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва идораи низоми пардохт дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку