Дар бораи ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Шукр Молия”

Бойгонии ахбор
22.12.2022

Дар бораи ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Шукр Молия”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2022, таҳти №141 мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14, 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Шукр Молия” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси қарори мазкур департаменти назорати бонкӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва идораи низоми пардохт дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку