10.01.2023
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи матбуот
I
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ё рӯзноманигорӣ;
- малакаи хуби кор дар компютер;
- маҳорати хуби суратгирӣ ва наворбардорӣ, таҷрибаи хуби кор бо дастгоҳи аккосӣ;
- маҳорати таҳия намудани хабару мақолаҳо;
- малакаи кор дар таҳияи сомона ва қобилияти тарроҳӣ (веб-дизайн);
- доштани таҷрибаи корӣ бо барномаҳои Microsoft Office, Бритикс, Adobe-Photoshop, Corel-Drive ва ғайра...
- донистани забони давлатӣ ва русӣ (англисӣ афзалият дорад);
- доштани таҷрибаи корӣ дар самти марбута на камтар аз 3 сол.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот:
(44) 600-31-38,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо
то 30 январи с.2023