Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2023, таҳти №3 бинобар сабаби дағалона вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ дар асоси ҳалномаи эътибори қонунипайдокардаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 11 октябри соли 2022 оид ба бекор кардани иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон”, моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, амали иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2019, №59 барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, қатъ гардид.
Дар асоси қарори мазкур идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор ворид намояд.
Шуъбаи матбуот
БМТ