Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2023, таҳти №7, мутобиқи банди 16 “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад. Шуъбаи матбуоти БМТ