Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

Бойгонии ахбор
07.02.2023

Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

Дар мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо ҷаноби Рето Вайерманн, мудири барномаи макроиқтисодии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) ва хонум Малика Иброҳимова – корманди асосии барномаи рушди иқтисодии SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 феврали соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба бо ташкилоти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Фирдавс Толибзода дар ибтидои суҳбат намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) - ро бо дастовардҳои охири низоми бонкии кишвар ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ шинос намуда, иброз дошт, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ, низоми бонкии кишвар тавонист соли 2022-юмро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намояд.

NBTL5850.JPG

Номбурда аз ҳамкориҳои судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти ташкилоти мазкур ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои техникӣ ва машваратӣ, ки барои тақвияти устувории бахши молиявӣ, рушди низоми пардохт, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва таҳкими санадҳои меъёрӣ арзи сипос намуд.

Зимнан натиҷаҳои бадастоварда дар доираи марҳилаи якуми барнома оид ба таҳкими бахши молиявӣ, аз ҷумла дар самтҳои таҳкими суботи молиявӣ, воситаҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол ва масъалаҳои андозбандии онҳо, рушди идоракунии корпоративӣ, рушди низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мудири барномаи макроиқтисодии SECO ҷаноби Рето Вайерман зимни сухаронии худ қайд намуд, ки дар раванди иҷрои марҳилаи якуми барномаи зикргардида комёбиҳои назаррас ба даст омаданд.

NBTL5877.JPG

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба амалҳои боқимондаи марҳилаи якум ва муҳлатҳои иҷрои онҳо, ҳамчунин оид ба самтҳои эҳтимолӣ барои расонидани кумаки техникӣ дар доираи марҳилаи дуюми барнома оид ба таҳкими бахши молиявӣ изҳори назар намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар идомаи мулоқот аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ рӯнамо оид ба раванди татбиқи барномаи мазкур пешкаш гардид. Дар рӯнамо оиди амалисозии марҳилаи якуми барнома, таҳкими низоми бонкии кишвар, мукаммалсозии идоракунии корпоративӣ ва идорасозии хавфҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тақвияти иқтидори назорат аз рӯи фаъолияти низомҳои пардохтӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии ташкилотҳои қарзии молиявӣ нисбати хизматрасонии молиявӣ ба истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат намуд.

Ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз рафти иҷрои Барномаи таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон, ки дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ амалӣ гардида истодааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳамкории босамарро бо низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо Бонки миллии Тоҷикистон идома хоҳанд дод.


Шуъбаи матбуоти
БМТ



Возврат к списку