21.02.2023
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
I
Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
- Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ;
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт афзалият дода мешавад;
- Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
- Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- Маҳорати кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
- Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дода мешавад.
- Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
II
Мутахассиси пешбари шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкдорӣ;
- Доштани дониши хуб дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
- Доштани дониши базавии эконометрикӣ афзалият дорад;
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, афзалият дода мешавад;
- Доштани қобилияти кофии таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамову маъруза дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ;
- Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- Малакаи касбии кор бо компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани дигар барномаҳо MATLAB, SPSS ва Eviews афзалият дорад;
- Маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ.;
- Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дода мешавад.
-
Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
III
Мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
-
Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
-
Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
-
Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
-
Маҳорати баланди кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани дигар барномаҳо (MATLAB, SPSS ва Eviews) афзалият дорад;
-
Донистани забони давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот:
(44) 600-31-38,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо
то 13 марти с.2023