Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
10.02.2023

Эълони Озмун

Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии Протоколи ҷаласаи XXII-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2022 оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва ташвиқу тарғиби хизматрасонии молиявӣ байни субъектҳои хоҷагидор, соҳибкорон ва махсусан бонувони соҳибкор, ҳамчунин афзун намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ ва ҳавасмандгардонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2022, озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон»-ро эълон менамояд.

Озмун аз рӯйи номинатсияҳои додани қарз/маблағгузории исломӣ, ҷалби пасандозҳо, кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва додани кафолати бонкӣ баргузор карда мешавад.

Талаботи асосӣ барои иштирок дар озмун

1.Хизматрасонии молиявӣ ба соҳибкории бонувон дар давоми соли 2022-ро дар бар гирад.
2.Хизматрасонии молиявӣ бояд бевосита дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида бошад.
3.Ҳисоботи расмӣ танҳо аз рӯйи номинатсияҳои муайянгардида пешниҳод карда шавад.
4.Муҳлати пешниҳоди дархостҳо барои иштирок дар озмун то 06 марти соли 2023 муқаррар гардидааст.

Нишонии қабули дархостҳо: шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1, Бонки миллии Тоҷикистон.

Телефонҳо барои тамос: +(992 44) 600-31-06, 600-32-46

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку