Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳорӣ рӯзи 13 апрели соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори хазинадории Бонки Ҷаҳонӣ Тереза Кече ва менеҷери барномаи “Шарикии машваратӣ ва идоракунии захираҳо”-и Бонки Ҷаҳонӣ Ҷорҷ Бентли мулоқот анҷом дод.
Дар оғози мулоқоти дуҷонибаи судманд раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи барномаи “Шарикии машваратӣ ва идоранамоии захираҳо”-и Бонки Ҷаҳонӣ дар самти расонидани кумакҳои техникӣ ва машваратӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2016 аъзои барномаи мазкур буда, корҳои назаррасро дар ҳамбастагӣ бо дастаи Бонки Ҷаҳонӣ дар самти идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ анҷом дода истодааст.
Дар рафти мулоқот Ҳоким Холиқзода диққати ҷониби Бонки Ҷаҳониро ба идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ бо назардошти вазъӣ бозори молиявӣ ва номуаянӣ дар сиёсати монетарии давлатҳо ҷалб намуд.
Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо омодагии хешро оид ба ҳамкории техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ тавассути истифодаи фишангҳои нави бозори молиявӣ ва баланд бардоштани дониш ва малакаи тахассусии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тариқи баргузории семинар ва курсҳои омузишӣ баён намудаанд.
Дар анҷоми мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба директори хазинадории Бонки Ҷаҳонӣ Тереза Кече барои ҳамкории судманд дар доираи барномаи “Шарикии машваратӣ ва идоранамоии захираҳо” изҳори сипос намуда, омодагии худро барои идома ва густариш додани муносибатҳои мутақобилан судманд баён намуд.
Шуъбаи матбуоти БМТ