Мулоқот ва вохӯриҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА

Бойгонии ахбор
17.04.2023

Мулоқот ва вохӯриҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА

Аз 10 то 16 апрели соли 2023 сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода барои иштирок дар ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор гардид.

11 апрели соли ҷорӣ мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода бо муовини директори иҷроияи ХБА Бо Ли доир шуд.

Дар мулоқоти мазкур низоми бонкии кишварро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло намояндагӣ намуд.

01.jpg

Зимни мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор Ҳоким Холиқзода барои ҳамкории бисёрсолаи пурсамар, инчунин барои пешниҳоди тавсияҳои саривақтии тахассусӣ дар масъалаҳои пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва суботи молиявӣ миннатдорӣ баён намуд.

Номбурда изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо ХБА дар татбиқи муваффақонаи кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ ва молиявӣ дар кишвар саҳми арзанда дорад ва сарфи назар аз вазъи номуайянӣ дар минтақа, дар иқтисодиёти миллӣ рушди устувор ба мушоҳида мерасад.

“Мо - гуфт Ҳоким Холиқзода, - дар таҳкими устувории бахши молиявӣ ва барқарор кардани эътимод ба бахши бонкӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем. Ислоҳоти ҷорӣ, ки ҳадафи он таъмини шаффофияти ҳисоботи молиявӣ, пурзӯр намудани талабот ба сармоя, беҳтар кардани идоракунии хавфи қарзӣ ва ҷорӣ намудани идоракунии корпоративӣ мебошад, имкон дод, ки низоми бонкӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.”

Дар идомаи суҳбат раиси Бонки миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷаноби Бо Лиро ба масъалаи оғоз кардани гуфтушунид ва тасдиқи барномаи нави ХБА барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳим арзёбӣ мегардад ва ба нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии буҷет, инчунин таъмини хизматрасонии қарзи беруна нигаронида шудааст, ҷалб намуд.

Дар баробари ин, Тоҷикистон омодагии худро барои амалӣ намудани тадбирҳои таъхирнопазири вазъи иқтисодии кишвар дар оянда изҳор намуд, ки ин дар навбати худ ҳамкории дуҷонибаи судмандро тақозо менамояд.

Ҷаноби Бо Ли дар робита ба масоили дар раванди мулоқот муҳокимашуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор дошт, ки роҳбарияти ХБА оғоз намудани гуфтушунидро оид ба Барномаи нави ХБА баррасӣ менамояд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИМА мулоқоти намояндагони кишвар бо директори Департаменти кишварҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказии ХБА ҷаноби Ҷиҳод Азур доир гардид.

Зимни вохӯрӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким низоми бонкии кишварро муаррифӣ карда, ба Хазинаи Байналмилалии Асъор барои ба роҳ мондани ҳамкории зичи доимӣ дар самти ислоҳоти иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки маҳз вокуниши саривақтии ХБА ба кишварҳои аъзо ҷиҳати устуворӣ ва мутобиқатӣ ба таъсири омилҳои беруна кумак мерасонад.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадилии нархҳо ва раванди танзими ҳаҷми пул дар муомилот, татбиқи сиёсати пулию қарзиро тавассути истифодаи воситаҳое идома медиҳад, ки таъсири омилҳои монетариро ба болоравии сатҳи нархҳо маҳдуд менамоянд.

02.jpg

Дар ин замина, ба роҳ мондани кумаки техникии ХБА дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар шароити ҳадафгирии таваррум, дастгирии техникӣ барои рушди бахши суғурта, ҷалби мушовирони дарозмуддат дар бахши суботи молиявӣ, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла муайян, идора ва кам кардани таъсири хавфҳои молиявӣ, гузаронидани стресс-тестҳои фаъолияти бонкҳо ва низоми назорати бонкӣ дар доираи стандартҳои Базел муҳим дониста шуд.

Дар ҷараёни мулоқот директори Департаменти кишварҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказии ХБА ҷаноби Ҷиҳод Азур омодагии хешро ба муколамаи озод ва ҳамкории судманди ояндадор баён намуда, аз комёбиву пешравиҳое, ки имрӯз Тоҷикистон ва махсусан Бонки миллӣ ноил гаштааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Субҳи 13 апрели соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии мамлакатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории ХБА ва БҶ ширкат намуд.

Зимни маҷлиси машваратии мамлакатҳои электорат, ки бо иштироки васеи намояндагони низоми молиявию бонкии як қатор кишварҳои ҷаҳон баргузор гардид, бештар масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, вазъи нооромии геосиёсӣ дар минтақа, болоравии сатҳи таваррум ва чораҳои пешгирикунандаи роҳандозишуда, пешбурди сиёсати пулию қарзии қатъӣ ва пардохтпазирии бонкҳо, буҳрони энергетикӣ, инчунин дигар масоили муҳимми аҳамияти ҷаҳонидошта мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода миннатдории худро ба иштирокчиёни маҷлиси машваратӣ ва ташкилкунандагони он, бахусус ба ХБА ва БҶ баён намуд.

Зимни суханронии худ Ҳоким Холиқзода саҳми ХБА ва БҶ-ро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар назаррас ҳисобида, таъкид намуд, ки маҷлиси машваратӣ аз лиҳози муколамаи бисёрҷониба дар баробари афзоиши номуайяниҳои иқтисодӣ дар минтақа муҳим мебошад.

Дар баробари ин, бо мақсади коҳиш додани хавфҳо ва таъсири дигар пайомадҳои манфӣ ба низоми молиявию бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазирро амалӣ намуд, ки ба устувории нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ ва тақвияти эътимоди аҳолӣ ба он замина гузоштанд.

Инчунин, як қатор ислоҳот дар низоми бонкӣ, аз қабили таъмини шаффофияти ҳисоботдиҳии молиявӣ, беҳтарсозии идоракунии хавфҳои қарзӣ, ҷорӣ намудани идоракунии корпоративӣ дар бонкҳои давлатӣ ва амалӣ намудани бонкдории исломӣ дар низоми молиявӣ роҳандозӣ карда шуд.

Яке аз самтҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ва расидан ба мақсаду ҳадафҳои гузошташуда ин идома додани ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, барои роҳандозӣ намудани ислоҳоти сохторӣ ва самарабахшу таъсиррасонии он ба иқтисодиёт, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ тавассути расонидани кумакҳои техникӣ, машваратҳои методӣ ва ғайра нақши калидӣ доранд.

Вобаста ба ин, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва коҳиш додани осебпазирӣ, ҳамкории наздики Хазинаи Байналмилалии Асъор бо давлатҳои аъзо тавассути ба роҳ мондани мониторинг, тақвияти малакаи касбӣ ва пешниҳоди қарз зарур мебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ Ҳоким Холиқзода миннатдории худро ба ХБА ва БҶ барои дастгирии доимии низоми бонкии кишварҳои аъзо иброз намуд.

Дар раванди сафари корӣ ба Вашингтон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон хонум Ҳела Шейхрухоу мулоқот намуд.

охирон.jpg

Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо хонум Ҳела Шейхрухоу масоили ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистонро бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Ҳоким Холиқзода аз ҳамкорӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар самти ҳамкориҳои техникӣ, машваратӣ, маблағгузорӣ ва ғайра изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманду муфид идома хоҳанд ёфт.

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир дар доираи ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ, аз қабили санадҳои низоми пардохт, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таҳия карда шуданд.

Дар навбати худ Ҳела Шейхрухоу зимни суҳбат таъкид намуд, ки айни замон Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ бо ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ҳамкории самарабахш ба роҳ монда, дар оянда низ онро идома хоҳад дод.

Ҳамчунин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва тавсеаи он дар кишвар ҷиҳати ҷалби кумакҳои техникӣ ва машваратӣ аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ва хонум Ҳела Шейхрухоу даъват ба амал овард.

Дар анҷоми мулоқот Ҳоким Холиқзода ба хонум Ҳела Шейхрухоу барои ҳамкориҳои судманд миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳо байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ идома хоҳанд ёфт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

 

 

 


Возврат к списку