Тавре иттилоъ дода будем, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии Протоколи ҷаласаи 22 - юми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2022 оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз рӯйи натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2022, озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон”- ро аз рӯйи номинаи додани қарз/маблағгузории исломӣ, ҷалби пасандозҳо, кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва додани кафолати бонкӣ баргузор намояд.
Дар робита ба ин, ба хотири саривақт иттилоъ ёфтани ташкилотҳои қарзии молиявӣ 10 феврали соли 2023 дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон эълони озмун ҷойгир карда шуд, ки то имрӯз 22 ташкилоти қарзии молиявӣ барои иштирок дар он маълумотҳои дахлдори худро оид ба фаъолияти худ дар самтҳои зикршуда ҷиҳати баррасӣ, таҳлил ва коркард ба ҳайати доварони озмун пешниҳод карданд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди эълон шудани озмун 3 маҷлиси Кумитаи тадорукоти ин чорабинӣ гузаронида шуда, дар он масъалаҳои ташкилӣ ва маълумотҳои пешниҳодкардаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ баррасӣ карда шуданд.
Илова бар ин, як қатор корҳои ташкилӣ оид ба баргузор намудани даври ҷамъбасти озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи тадорукот иҷро гардида, тасмим гирифта шуд, ки санаи 12 майи соли 2023 соати 17:00 дар Бонки миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун ва маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ