Тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба фурӯш бароварда мешаванд

Бойгонии ахбор
05.05.2023

Тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба фурӯш бароварда мешаванд

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини талаботи нумизматӣ ва коллексионии аҳолӣ тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш мебарорад. Хоҳишмандон метавонанд барои харидории тангаҳои мазкур бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2, шуъбаи  хизматрасонии хазинавии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақами телефони (9) 620-05-35 муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон, шаҳрвандон метавонанд ҷиҳати харидории тангаҳои номбурда ба шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва шаҳраки Ғарм муроҷиат намоянд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку