Ташрифи ҳайати нави ХБА ба БМТ

Бойгонии ахбор
11.05.2023

Ташрифи ҳайати нави ХБА ба БМТ

11 майи соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Мэтю Гартнер, ки дар доираи баррасии фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument-PCI) бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

NBTL8234.JPG

Ҷаноби Мэтю Гартнерро дар ин сафар сариқтисодчиёни ХБА Фарид Талишли, Калин Тинтчев, Дмитрий Плотников, Сергей Додзин ва иқтисодчиёни фонди мазкур Кади Синтия Кейта, Наиля Менлашева ва Ҷомӣ Чиниев ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳайати ХБА-ро бо вазъи феълии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми бонкӣ шинос кард. Аз ҷумла, мавсуф қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар се моҳи аввали соли 2023 хуб ҷамъбаст гардиданд.

Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Гартнер дар навбати худ иброз дошт, ки барои ноил шудан ба мақсади гузошташуда, омодааст бо масъулини Бонки миллии Тоҷикистон музокиротро идома диҳад.

NBTL8213.JPG

Ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбат дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон, захираҳои байналмилалӣ ва таъсири он ба амалиёти сиёсати пулию қарзӣ ва тавозуни пардохт, тағйирот дар бозори асъор, таваррум, интиқоли маблағҳо ва иҷрои тавсияҳои ҳайати ХБА оид ба танзими асъор ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти бозорҳои асъорро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки PCI фишанги ғайримолиявӣ буда, имкониятҳои он барои ҳамаи аъзои ХБА дастрас мебошанд ва дар доираи он ба кишварҳои аъзо кумаки машваратӣ пешниҳод карда мешавад. Илова бар ин, ширкат дар фишанги зикршуда имкон медиҳад, ки ҳамчун замина барои баргузор намудани гуфтушунид бо ХБА истифода бурда шавад.

09.jpg

Барномаи мазкур ҷиҳати беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ муҳим ба шумор рафта, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барнома ба баланд бардоштани ҷолибнокии иқтисоди кишвар барои сармоягузорон мусоидат хоҳад кард.

Вохӯрии аввалин бо ҳайати нави ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо барои идома додани ҳамкориҳои судманд омодагии хешро баён намуданд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку