Озмуни БМТ барои дарёфти ҷоизаи “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” ҷамъбаст гардид

Бойгонии ахбор
13.05.2023

Озмуни БМТ барои дарёфти ҷоизаи “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” ҷамъбаст гардид

12 майи соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон”, ки бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба роҳ монда шудаанд, дар фазои тантанавӣ баргузор гардид. 

NBTL8337-1.JPG

Тавре иттилоъ дода будем, озмуни мазкур дар асоси натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2022, аз рӯйи номинаи додани қарз/маблағгузорӣ, ҷалби пасандозҳо, кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва додани кафолати бонкӣ ташкил карда шудааст.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, ҳайати ҳакамон ва тадорукот, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

NBTL8370-2.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” дар робита ба муқаррароти Протоколи ҷаласаи 22 -юми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, бо мақсади васеъ намудани дастрасии бонувони соҳибкор ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Шоистаи зикр аст, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории бонувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

NBTL8427-3.JPG

Дар робита ба ин, номбурда таъкид кард, ки дар соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат мебошанд.

“Мақсади асосии ташкил ва баргузории озмуни мазкур аз ташвиқ ва тарғиби хизматрасониҳои молиявӣ байни аҳолӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва махсусан занҳои соҳибкор, афзун намудани дастрасии онҳо ба хизматрасонии бонкӣ ва ҳавасмандгордонии ташкилотҳои қарзии молиявӣ иборат мебошад”, - таъкид намуд Ҳоким Холиқзода. 

NBTL8456-4.JPG

Сипас, аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” ғолибони чорабинӣ дар вазъи тантанавӣ эълон карда шуданд.

Дар номинаи пешниҳоди қарз/маблағгузорӣ ҷойи 1-умро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҷойи 2-юмро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки Арванд” ва ҷойи 3-юмро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Коммерсбонки Тоҷикистон” соҳиб гаштанд. 

NBTL8464-5.JPG

Аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни мазкур дар номинаи ҷалби пасандоз Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” сазовори ҷойи 1-ум, Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” ҷойи 2-юм ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Азизӣ-молия” сазовори ҷойи 3-юм шуданд.

Дар номинаи кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ҷойи 1-умро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф Бонк”, ҷойи 2-юмро Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва ҷойи 3-юмро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” соҳиб гаштанд.

NBTL8468-6.JPG

Аз рӯйи номинаи додани кафолати бонкӣ ҷойи 1- умро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Спитамен Бонк”, ҷойи 2-юмро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата” ва ҷойи 3-юмро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” сазовор гардиданд.

Барои саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва иштироки фаъолона дар озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон интернешнл”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фурӯз”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Финка” ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” бо Ифтихорномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

NBTL8478-7.JPG

Ҳамзамон барои иштироки фаъолона дар озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк”, Филиали бонки “Тиҷорат”-и Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “МАТИН”, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ардо-Капитал”, Фонди қарзии хурди “Имон” ва Фонди қарзии хурди “Рушди водии Зарафшон” бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

NBTL8496-8.JPG

Ҷоизаҳо ба ғолибон аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Фарҳод Абдураҳмонов, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир ва Салимзода Алиҷон Абдуҷалол супорида шуданд.

NBTL8505-9.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ба иштирокдорони чорабинӣ барои саҳми назаррас дар пешрафти иқтисодиёт ва рушди бомароми бахши бонкӣ ва молиявии кишвар изҳори минатдорӣ намуда, барои фаъолияти минбаъда барояшон барору комёбӣ таманно намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон” барои васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди минбаъдаи соҳибкории бонувон ва ҷалби бештари занону духтарон ба низоми бонкию молиявӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинии тантанавӣ санъаткорон бо барномаи фарҳангӣ хотири аҳли нишастро болида гардониданд.



Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку