ҶДММ “РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА” соҳиби иҷозатнома шуд

Бойгонии ахбор
18.05.2023

ҶДММ “РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА” соҳиби иҷозатнома шуд

Дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2023, таҳти №53 мутобиқи моддаҳои 6, 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, боби 19 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, банди 12 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Ҳамзамон, мутобиқи қарори мазкур ба аудиторони ҶДММ “РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА” Ҳамдамов Аловиддин Нарзуллоевич ва Файзиев Далер Абдувакилович шаҳодатномаи тахассусии аудитори бонкӣ дода шуд.

Департаменти назорати бонкӣ дар навбати худ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку