02.08.2023
				Эълони Озмун
					
 БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
 
	барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
  
 
	О З М У Н
 
	ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
  
 
	ИДОРАИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  
 
	I
 
	Мутахассиси дараҷаи II
  шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи наздик ва мамолики Араб (1 ҷой)
 Талабот ба номзад: 
	- Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
 
	- Доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз ду сол.
 
	- Донишу таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
 
	- Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
 
	- Доштани маълумоти кофӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ;
 
	- Малакаи гузаронидани таҳлил аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
 
	- Дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
 
	- Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ; 
 
	- Донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ ҳатмӣ мебошад.
 
 II
 
	Мутахассиси дараҷаи II 
  шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур (1 ҷой)
 Талабот ба номзад: 
	- Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
 
	- Доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз ду сол;
 
	- Донишу таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
 
	- Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
 
	- Доштани маълумоти кофӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ;
 
	- Малакаи гузаронидани таҳлил аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
 
	- Дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
 
	- Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ; 
 
	- Донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ ҳатмӣ мебошад.
 
 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
	- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун; 
 
	- маълумотнома (справка-объективка); 
 
	- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд; 
 
	- тарҷумаи ҳол (ҳолнома); 
 
	- расм 4 дона андозаи 3х4; 
 
	- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома); 
 
	- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом); 
 
	- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; 
 
	- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ); 
 
	- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ; 
 
	- нусхаи билети ҳарбӣ; 
 
	- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
 
	- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
 
 Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад: 
 ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
 Телефон барои маълумот:
 (44) 600-31-38, 600-32-11
 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 
то 22 августи с.2023