02.08.2023
				Бонки миллии Тоҷикистон озмуни ишғоли вазифаҳои холиро эълон менамояд
					
 БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
 
	барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
  
 
	ОЗМУН 
 
	ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
	Идораи суботи молиявӣ
	 
	I
  мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳия ва 
 
	назорати барномаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ (1 ҷой)
 Талабот ба номзад
	- таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ; 
 
	- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
 
	- қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
 
	- қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
 
	- маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
 
	- малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point);
 
	- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ, забони англисӣ – ҳатмӣ;
 
	- доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
 
	- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд.
 
 II
  мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлили
  
	макропруденсиалӣ (1 ҷой)
 Талабот ба номзад
	- таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ; 
 
	- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
 
	- доштани донишу малаки кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ;
 
	- сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ ва бахши молиявӣ-бонкӣ;
 
	- доштани донишу малакаи кофӣ дар таҳлили хавфи бонкӣ ва сиёсати макропруденсиалӣ;
 
	- дар сатҳи кофӣ доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;
 
	- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
 
	- доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
 
	- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
 
	- малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point, visio) –ҳатмӣ, барномаҳои эконометрикӣ - афзалият дорад
 
 III
 мутахассиси дараҷаи 1-и шуъбаи таҳлили 
 
	макропруденсиалӣ (1 ҷой)
 
Талабот ба номзад
	- таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ; 
 
	- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
 
	- қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
 
	- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
 
	- доштани донишу малакаи кофӣ дар таҳлили хавфи бонкӣ;
 
	- доштани сатҳи дониши кофӣ оид ба сиёсати макропруденсиалӣ;
 
	- доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
 
	- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд.
 
	- малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point, visio) –ҳатмӣ, барномаҳои эконометрикӣ - афзалият дорад.
 
 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
	- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун; 
 
	- маълумотнома (справка-объективка); 
 
	- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд; 
 
	- тарҷумаи ҳол (ҳолнома); 
 
	- расм 3 дона андозаи 3х4; 
 
	- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома); 
 
	- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом); 
 
	- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; 
 
	- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ); 
 
	- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ; 
 
	- нусхаи билети ҳарбӣ; 
 
	- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
 
	- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
 
 Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад: 
 ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
 Телефон барои маълумот: 
(44) 600-31-38, 600-32-11
 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 
то 23 августи с.2023