Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Андрей Липин

Бойгонии ахбор
21.08.2023

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Андрей Липин

18 августи соли 2023 мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо президенти Бонки байнидавлатӣ Липин Андрей Станиславович баргузор гардид.

NBTL0171-1.JPG

Дар оғози мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода Андрей Липинро ба муносибати ба вазифаи масъулиятнок – президенти Бонки байнидавлатӣ таъйин шуданаш самимона табрик карда, барояш комёбиҳо таманно намуд. Қайд карда шуд, ки Бонки байнидавлатӣ фаъолияти худро ҷиҳати мусоидат ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани муносибатҳои молиявию бонкӣ миёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) идома дода истодааст. 

NBTL0162-2.JPG

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо паҳлӯҳои муҳими тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ, тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ бо роҳи васеъ намудани амалиёт ва пардохтҳо бо асъорҳои миллӣ, дарёфти масирҳои нави ҳамкорӣ бо Бонки байнидавлатӣ ва табодули таҷриба дар бахшҳои сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд. 

NBTL0196.JPG

Ҳамзамон Ҳоким Холиқзода ва Андрей Липин ба масъалаҳои зерини ҳамкорӣ, аз қабили тавсеа бахшидани маблағгузории савдо, ҳисобаробаркуниҳои тарафайн бо асъорҳои миллӣ, анҷом додани амалиётҳои Своп ва васеъ намудани шабакаи суратҳисобҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. 

Маврид ба зикр аст, ки Бонки байнидавлатӣ бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани муносибатҳои молиявию бонкии бисёрҷониба миёни давлатҳои аъзои ИДМ санаи 22 январи соли 1993 аз ҷониби сарони ҳукуматҳо ва бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои ИДМ таъсис дода шуда, фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзию молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку