Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии барномаи таълимӣ ҷиҳати бозомӯзии кормандони бонкҳои марказии (миллии) аъзои Шӯрои бонкҳои марказии (миллии) АвруОсиё барои соли 2023, аз 7 то 11 августи соли 2023 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон, семинар (мизи мудаввар)-ро дар мавзӯи “Маблағгузории шарикӣ (бонкдории исломӣ), иҷозатномадиҳӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ, идоракунии корпоративӣ, иҷозатномадиҳӣ ва азнавташкилдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” доир намуд.
Дар семинари мазкур намояндагон аз Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Беларус, инчунин мутахассисони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ҳамзамон қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар намояндагони Бонкҳои марказии кишварҳои номбурда тариқи фосилавӣ пайваст гардида, дар кори семинар фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи барномаи тасдиқшуда ба аҳли нишаст оид ба асосҳои маблағгузории исломӣ, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ, таърихи татбиқи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби пешбурди танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ, стандартҳои Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ (IFSB), талаботи стандартҳои Ташкилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) ҷиҳати гирифтани иҷозатнома, хусусиятҳои ҷараёни иҷозатномадиҳӣ ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, тартиби табдилдиҳии ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ, идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, хусусиятҳои идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии исломӣ ва рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд.
Иштирокчиён ба сатҳу сифати чорабинии мазкур баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки ташкили чунин семинарҳои омӯзишӣ барои тақвияти муносибатҳои минбаъдаи мақомоти танзим ва назорати бонкии байни кишварҳо судманд ба ҳисоб мераванд.
Дар ҷараёни семинар (мизи мудаввар) аз ҷониби масъулини ҳамоиш ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуданд ва дар атрофи мавзуъҳои матраҳшаванда муколамаи пурмуҳтаво баргузор гардид.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба иштирокчиён сертификатҳо супорида шуданд.
Дар маҷмуъ, семинар дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардид, ки барои тақвияти ҳамкории минбаъдаи низоми бонкии кишварҳои АвруОсиё заминаи устувор хоҳад гузошт.
Шуъбаи матбуоти
БМТ