30 августи соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода (Раиси Комиссия) бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (Департамент) баргузор гардид.
Раиси Комиссия аз дигаргуншавии низоми ҷаҳонӣ, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, инчунин аз ҷониби қаллобон зиёд шудани эълонҳои ҳавасмандкунанда ва бардуруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади гирифтани даромади муфт изҳори нигаронӣ карда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки барои пешгирии чунин зуҳурот якҷо кӯшишу талош намоянд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки бо назардошти бозбинии баъзе тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) ва сол то сол зиёд шудани хавфу хатарҳо дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намояд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаи қаблии Комиссия, дастрасии Департамент ба махзани маълумоти мақомоти давлатӣ, пешгирии амалҳои қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Дар баробари ин, маълумот оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО” аз ҷониби вазорату идораҳои муваззафшуда пешниҳод гардид.
Раиси Комиссия иброз дошт, ки ҳарчанд мақомоти марбутаи кишвар дар иҷрои бандҳои Нақшаи зикршуда корҳои назаррас анҷом додаанд, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои пурраи бандҳои вобастаи самти худ пайваста чораҷӯӣ намоянд, зеро баҳогузории тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон – баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм солҳои баъдӣ дар назар аст.
Ҳамзамон бо ин гуфта шуд, ки бо назардошти қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” дар таҳрири нав, ки қадами устувор дар таҳкими низоми мазкур ба ҳисоб меравад, вазорату идораҳои марбута бояд санадҳои зерқонунии худро ба ин қонуни соҳавӣ ҳарчи зудтар мутобиқ намоянд.
Дар интиҳо, Раиси Комиссия иштирокдорони ҷаласаро бо фарорасии ҷашнҳои дарпешистода - Рӯзи дониш ва 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз онҳо даъват намуд, ки вазифаҳои хизматиро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.
Департаменти мониторинги молиявӣ