Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
15.09.2023

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

ШУЪБАИ ТАҲЛИЛИ ХАВФҲО
Сармутахассиси шуъбаи таҳлили хавфҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ (хавфҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ);
  • донистани стандартҳои байналмилалии идоракунии хавфҳо (COSO ERM, ISO 31000 (Risk Management Guidelines));
  • доштани собиқаи кории на кам аз 3 сол дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • маҳорати баланди кор дар компютер, донистани ҳатмии барномаҳои Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ – ҳатмӣ.

Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлили хавфҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • маълумоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ (хавфҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ);
  • донистани стандартҳои байналмилалии идоракунии хавфҳо (COSO ERM, ISO 31000 (Risk Management Guidelines) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на кам аз 2 сол дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит афзалият дорад;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • маҳорати баланди кор дар компютер ва донистани ҳатмии барномаҳои  Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

       Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;

  • маълумотнома (справка-объективка);

  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;

  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);

  • расм 3 дона андозаи 3х4;

  • нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома);

  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);

  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);

  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;

  • нусхаи билети ҳарбӣ;

  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳамии нафақавӣ (СИН);

  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:

ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон

Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 6 октябри соли 2023

 



Возврат к списку