Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2023, таҳти №103 дар асоси моддаҳои 6 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бе муҳлат иҷозатнома дода шуд.
Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ