20 сентябри соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”-и Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти сарварии роҳбари Ҷамъияти саҳомии бонки мазкур Айдос Жумагулов, ки бо сафари корӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳайати меҳмононро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид бар он дошт, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва манфиатҳои тарафайн инкишоф ёфта, мулоқоти пайвастаи роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон барои тавсеаи минбаъдаи он заминаи мусоид гузошт.
Роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” Айдос Жумагулов барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуда, маълумоти муфассалро оид ба самтҳои фаъолияти “Freedom Holding Corp.” дар шакли рӯнамо манзур намуд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки Гуруҳи Фридом Финанс аз ташкилотҳои молиявӣ, брокерӣ, суғуртавӣ, пардохтӣ, мобилӣ ва нақлиётӣ иборат буда, доираи васеи маҳсулоти рақамии бонкӣ – ипотекаи рақамӣ, қарзи рақамӣ барои харидории воситаҳои нақлиёт, лоиҳаи музди меҳнат, қарзи тиҷоратӣ, пасандоз, интернет-банкинг ва ғайраҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ пешниҳод менамояд.
Дар идомаи суханронӣ Айдос Жумагулов қайд кард, ки Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” нақша дорад, ки доираи фаъолияти худро дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ-рақамӣ боз ҳам васеъ намояд, инчунин номбурда ҷиҳати кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар навбати худ қайд кард, ки қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.
“Бонки миллии Тоҷикистон иқдоми Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”-ро барои кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, хуш истиқбол намуда, онро дар доираи қонунгузории ҷорӣ баррасӣ менамояд”, - гуфт Ҳ.Холиқзода.
Дар маҷмӯъ, мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мутақобилан судманд ҷараён гирифт, ҷонибҳо барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои баррасишуда изҳори омодагӣ баён намуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ