29 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” баргузор гардид.
Дар қисмати расмии ифтитоҳи Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода суханронӣ намуданд.
Дар кори Форум Сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, муовини Сарвазири Русия Марат Хуснуллин, муовини Сарвазир — роҳбари Дастгоҳи Ҳукумати Қазоқистон Галимжан Койшибаев, меҳмонони олимақом аз дигар давлатҳо ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, инчунин беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд.
Баъд аз нисфирӯзӣ Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои панелӣ идома ёфта, мавзуъҳои “Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе”, “Саноат-омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ”, “Тоҷикистон-мамлакати энергияи “сабз”, иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика”, “Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя”, “Рушди иқтисодиёти “сабз”, рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ба бозори ҷаҳонӣ”, “Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” ва “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ ва табодули афкори иштирокдорони Форум қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар баробари дигар панелҳои соҳавӣ, панели чорум дар мавзуи “Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ” таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва бо иштироки сармоягузорон, соҳибкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуд.
Дар ибтидо муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба кори панели чоруми Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки ҳадафи баргузории чорабинии имрӯза муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, роҳандозӣ ва тақвияти ҳамкориҳо байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имкониятҳо барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб ёфта, дар доираи Форуми мазкур баргузории як қатор панелҳо оид ба самтҳои гуногуни иқтисодиёт ташкил гардидааст, ки дар чаҳорчӯбаи онҳо баимзорасонии созишномаҳо ва ёддоштҳои муҳим ба нақша гирифта шудааст.
Сипас, номбурда суханро барои пешбурди кори панели чорум ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода вогузор намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” барои баррасии масъалаҳои низоми молиявӣ ва ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои зарурӣ барои ҷалби бештари сармоягузорӣ заминаи мусоидро фароҳам оварда, ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо сармоягузорони хориҷӣ, баҳодиҳии иқтидори иқтисоди миллӣ, пешбурди фаъолияти босамари соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон саҳми босазо мегузорад.
Таъкид карда шуд, ки фаъолияти босуботи низоми бонкӣ яке аз омилҳои калидӣ дар таъмини устувории иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин замина Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти устувори он тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, ки ҳадаф аз он мусоидат ба рушди соҳа мебошад. Дар робита ба ин, Ҳоким Холиқзода омодагии низоми бонкии кишварро бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалби сармоя бо мақсади таҳкими низоми бонкӣ, ҳамчун артерияи асосии иқтисодиёти кишвар баён намуд.
Сипас, бо пешниҳоди Ҳоким Холиқзода аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар низоми бонкии кишвар. Нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ”, “Бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ, инфрасохтор ва дурнамои рушд”, “Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва воситаҳои муосири пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҶСК “Бонки Эсхата” - “Таҷрибаи Бонки Эсхата дар маблағгузории самтҳои муҳимми иқтисодиёти миллӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ”, ҶСК “Тавҳидбонк” – “Бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъ, имкониятҳо ва дурнамои рушди он”, ҶДММ “ТС Бима” – “Дурнамои ҷалби сармоя ба бозори суғурта”, ҶДММ ТСА “Спитамен Иншуренс” - “Сармоягузории “Спитамен иншурэнс” ба низоми бонкӣ ва рушди бозори суғурта”, намояндагии БАТР дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон - “Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузориҳо” ва намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Амалиётҳо ва стратегияи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ: Фароҳам овардани шароит барои сармоягузории бахши хусусӣ” рӯнамоиҳои муфассал манзур карда шуданд, ки дар атрофи онҳо муҳокимарониҳои ҳирфаӣ доир гардиданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни ҷамъбасти кори Панели чорум аз иштирокдорони Форуми байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” даъват ба амал овард, ки барои амалӣ гардонидани вазифаҳои муштараки умумӣ ва ба сатҳи баланд бардоштани ҳамкории мутақобилан судманди шарикӣ фаъолона ҳамкорӣ намоянд.
Дар қисмати хотимавии ҷаласаи панели чорум маросими баимзорасонии Харитаи роҳ оид ба амалисозии лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул” барои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 баргузор гардид, ки ба он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва намояндаи доимии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарух Султонов имзо гузоштанд.