Дар вохӯрии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир бо коршиноси Фонди хазинаҳои амонатии Олмон ҷаноби Бранко Венерт, ки 2 октябри соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид, масъалаи таъсиси Академияи бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Дар ҳамоиш роҳбари Фонди хазинаҳои амонатии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ хонум Инна Мазур ва мутахассиси Фонди мазкур Диловар Раҳимов ширкат доштанд.
Нахуст Гулбаҳор Назирӣ ба Фонди хазинаҳои амонатии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ барои фаъолияти пурсамар дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои муштарак, инчунин дастгирии низоми бонкии мамлакат, аз он ҷумла дар ташкили Академияи бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба нақша гирифта шудааст, арзи сипос намуд. Ҳамчунин изҳор карда шуд, ки мулоқоти имрӯза дар тақвияти ҳамкориҳои судманд миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаҳои амонатии Олмон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Номбурда афзуд, ки айни замон таъсиси Академияи бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавонад ба талаботи муосири бозори байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад ва сатҳи хизматрасонии молиявиро боз ҳам баландтар бардорад, баррасӣ шуда истодааст. Мо хуб медонем, ки Фонди хазинаҳои амонатии Олмон дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад ва омодаем масъалаи мазкурро бо Фонди мазкур муҳокима намоем. Зеро барои рушди иқтисоди миллӣ ва бахусус низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии кормандон муҳим буда, Академияи бонкӣ дар сатҳи зарурӣ метавонад ин вазифаро иҷро намояд.
Коршиноси Фонди хазинаҳои амонатии Олмон ҷаноби Бранко Венерт дар навбати худ аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар самти ташкили Академияи бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки имконият, зарурат ва муҳлати ташкили муассисаи таълимӣ, маблағгузории минбаъдаи он, талаботи бозор ба омӯзиши мавзуъҳои низоми бонкӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти он зимни мулоқоту вохӯриҳо бо мутахассисон муайян хоҳанд шуд.
Номбурда қайд намуд, ки фаъолияти Академияи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд устувор ва муътадил бошад, бинобар ин, сохтори маблағгузории он бо кишварҳои сармоягузор бояд муҳокима карда шавад.
Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон омодааст бо Фонди хазинаҳои амонатии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар ташкил, сохтор, бароҳандозии фаъолияти Академияи бонкӣ муколамаи ошкоро ва судманд дошта бошад.
Маврид ба зикр аст, ки коршиносони Фонди хазинаҳои амонатии Олмон дар давоми ду ҳафтаи минбаъда бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ дар хусуси ташкили Академияи бонкӣ дар Тоҷикистон силсилавохӯриҳо анҷом дода, дар асоси талабот ва пешниҳоди онҳо лоиҳаи харитаи роҳи ташкили Академияи мазкурро бо нишон додани иқдомҳои мушаххас омода хоҳанд кард.
Шуъбаи матбуоти
БМТ