Дар бораи аз нав барасмиятдарории иҷозатномаи “Равзанаи бонкии исломӣ”-и ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”

Бойгонии ахбор
13.10.2023

Дар бораи аз нав барасмиятдарории иҷозатномаи “Равзанаи бонкии исломӣ”-и ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2023, таҳти №106 дар асоси моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 10, 12, 15 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, бо назардошти иҷозати амалиёти бонкии иловагӣ ба “Равзанаи бонкии исломӣ”-и Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути “Равзанаи бонкии исломӣ” дар шакли филиал бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкии исломӣ тавассути “Равзанаи бонкии исломӣ” аз 03.02.с.2020, БМТ №0000117, ки тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29.01.с.2020, №20 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку