Машварати нисфирӯзии мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ

Бойгонии ахбор
13.10.2023

Машварати нисфирӯзии мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ

11 октябри соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш дар машварати нисфирӯзии мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ширкат варзид.

!cid_94261744101174223787904 2 резаах.jpg

Дар раванди ҳамоиши мазкур ба мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ шарҳи вазъи монетарии минтақа манзур карда шуд.

Сипас аҳли нишасти машварати нисфирӯзӣ саволҳои рӯзномаи чорабинӣ, аз қабили таъсири афзоиши меъёрҳои фоизӣ ба низоми бонкӣ, имконоти васеъ намудани заминаи сармоягузории дохилии кишварҳо ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо, пурзур намудани танзим ва назорати бонкҳои давлатӣ барои таъмини суботи молиявӣ, инчунин танзим ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои макропруденсиалӣ ва зиддибӯҳрониро муҳокима намуда, ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои номбаршуда фикру андешаҳои худро баён карданд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку