Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода 11 октябри соли равон дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш баргузор гардиданд, бо намояндагони Бонки саноатӣ ва тиҷоратии Хитой (ICBC) мулоқоти корӣ доир намуд.
Дар ҷараёни мулоқоти судманд тарафҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба аҳамияти ҷиддӣ дода, масъалаҳои мавриди назар, аз қабили хизматрасонии хазинадорӣ, хадамоти нигоҳдорӣ, идора намудани дороиҳо, дигар хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратӣ, инчунин васеъ намудани амалиёт тавассути суратҳисобҳои муросилотиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба идома додани ҳамкориҳо дар оянда омодагии худро баён карданд.
Худи ҳамин рӯз раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо намояндагони Агентии рейтингии Moody's мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ, ки дар фазои хубӣ ҳамкории самаровар баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳои муҳим, аз қабили фаъолияти бозорӣ, муносибат бо сохторҳои тиҷоратӣ, имкониятҳои васеъ кардани доираи ҳамкорӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди назарро муҳокима намуда, изҳор доштанд, ки дар ин самт гуфтушунидро идома хоҳанд дод.