Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш бо ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) хонум Ҳела Шейхрухоу мулоқот намуданд.
Дар оғози мулоқот ба роҳбарияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои хамкории тулонии пурсамар миннатдорӣ баён гардид. Қайд карда шуд, ки IFC яке аз шарикони боэътимоди Бонки милли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, маҳз бо кумакҳои техникии худ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративии бахши бонкии кишвар, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, мусоидат ба рушди низоми муосири бонкӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон дар идомаи вохӯрӣ иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо IFC дар самти таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026 корҳои зиёди қобили таваҷҷуҳро анҷом додаанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҷонибҳо ба ҳамдигар барои мулоқоти судманд миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкориҳо миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ минбаъд ҳам инкишоф ва густариш хоҳанд ёфт.
Шуъбаи матбуоти
БМТ