Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2023, таҳти №117 бинобар иваз шудани номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бюрои таърихи қарзҳои “Бюрои қарзию иттилоотии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бюрои таърихи қарзҳо “Криф Тоҷикистон” мутобиқи моддаҳои 62.1 ва 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти Бюрои таърихи қарз дода шуд.
Дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ Бюрои таърихи қарзҳои “Бюрои қарзию иттилоотии Тоҷикистон”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29.11.с.2012, №307 санаи 12.12.с.2012 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ