Баргузории Фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

Бойгонии ахбор
09.11.2023

Баргузории Фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

26 октябри соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

IMG_1.JPG

Қобили қайд аст, ки Фестивали мазкур аз 3 қисм иборат буда, қисмати аввали онро муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ намуда, оид ба зарурати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ суханронӣ намуд.

IMG_3.JPG

Сипас, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ доир ба иҷрои корҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва нақши саводнокии молиявӣ дар рушди низоми бонкии мамлакат дар назди ҷамъомадагон баромад намуд.       

IMG_2.JPG

Ҳамзамон, мутахассисони соҳаи бонкӣ, соҳибкорони муваффақ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ дар мавзуъҳои гуногун марбут ба саводнокии молиявӣ суханронӣ ва оид ба таҷрибаи андухтаашон андешаҳои худро баён намуданд.

IMG_4.JPG

Аз ҷумла, дар мавзуъҳои “Пардохтҳои ғайринақдӣ ва роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ” муовини сардори идора – сардори шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамии Бонки миллии Тоҷикистон Фурқат Раҳматов, “Роҳҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ” сардори департаменти ҳисоббаробаркунии амалиётӣ-аъзои Раёсати ҶСК “Бонки Эсхата” Юлия Глиняная, “Низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”–директори ҶДММ ТСА “Спитамен Иншуренс” Бузургҷамил Раҳмонов, “Нақши ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҷараёни баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ” роҳбари намояндагии Фонди хазинаҳои амонатии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Инна Мазур, “Саводнокии молиявӣ – заминаи асосӣ барои тиҷорати муваффақ” муовини директори FIFTYFIVE GROUP Масрур Ишанов ва дар мавзуи “Муҳимияти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ” мушовир-мутахассиси идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ - Шомил Изатзода бо рӯнамоҳои ҷолибу шавқовар баромад намуданд.

IMG_5.JPG

Илова бар ин, дар анҷоми қисми якуми фестивал миёни иштирокчиёни он саволу ҷавоб сурат гирифт ва ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ, ки аз ҷониби шарикони рушд пешниҳод гардида буданд, тақдим карда шуд.

IMG_6.JPG

Маврид ба зикр аст, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 650 нафар, аз ҷумла хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ, кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

IMG_7.JPG

Дар қисмати дуюми фестивал дар майдони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ “Намоиши маҳсулоти молиявӣ ва суғуртавӣ” баргузор гардид. Дар ин намоиш ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва кӯдакони соҳибкор ширкат варзида, маҳсулоти молиявӣ ва истеҳсолии худро ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд.

IMG_8.JPG

Ҳамзамон, дар рафти намоиш намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ барои иштирокчиён бозиҳои зеҳнӣ баргузор намуда, ба ғолибон туҳфаҳои қиматбаҳо тақдим карданд. Дар баробари ин, аз ҷониби маркази дилхушии кӯдаконаи “Синбод парк” барои кӯдакон ва наврасон бозиҳои зеҳнӣ, саволу ҷавоб, кроссвордҳо ва дигар машғулиятҳои шавқовар гузаронида шуд.

IMG_9.JPG

Дар қисмати сеюми фестивал чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он сарояндагони шинохтаи эстрадаи тоҷик бо сурудҳои дилчасп табъи иштирокчиёни фестивалро болида гардониданд.

IMG_10.JPG

Қайд кардан зарур аст, ки дар бораи баргузории фестивали “Саводнокии молиявӣ” тавассути шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram зиёда аз 1 млн 200 ҳазор нафар огаҳӣ пайдо намуда, 6 000 нафар бевосита ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуоти

БМТ


Возврат к списку