23 ноябри соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Кохи фарҳанг ва майдони нишони давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушди шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур аз 3 қисм иборат буда, қисмати аввали онро муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим ифтитоҳ намуда, оид ба моҳияти саводнокии молиявии аҳолӣ, зарурияти баланд бардоштани сатҳи он дар назди ҳозирин баромад кард.
Дар идомаи кори фестивал муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар бораи иҷрои корҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва нақши саводнокии молиявӣ дар рушди низоми бонкии мамлакат суханронӣ намуд.
Дар ин раванд як зумра мутахассисони соҳаи бонкӣ, соҳибкорони муваффақ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ дар мавзуъҳои гуногун вобаста ба саводнокии молиявӣ андешаҳои ҷолиби худро иброз доштанд.
Аз ҷумла, дар мавзуъҳои “Маърифати молиявӣ ва зарурати он”- директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Шариф Раҳимзода, “Пардохтҳои ғайринақдӣ ва роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ”- муовини сардори идора – сардори шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамии Бонки миллии Тоҷикистон Фурқат Раҳматов, “Таъсири меъёрҳои иҷтимоӣ ба рафтори молиявӣ” роҳбари Корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ (IFC) Фаррух Султонов, “Бехатарии молиявӣ” директори генералии ширкати мобилии О-мобайл Фирдавс Зеваров ва дар мавзуи “Низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини сардори идора – сардори шуъбаи назорати ташкилотҳои суғуртавии идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Бобурхон Бобоев бо рӯнамоҳои муфассал баромад намуданд.
Бо мақсади ҷолибу гуворо гузаштани форуми “Саводнокии молиявӣ” ҳаҷвнигорони шинохта дар чорабинӣ дар мавзуъҳои молия ва қарз саҳначаҳои ҳаҷвӣ намоиш доданд.
Қобили қайд аст, ки дар анҷоми қисми якуми фестивал миёни иштирокчиёни он саволу ҷавоб сурат гирифт ва ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ, ки аз ҷониби шарикони рушд пешниҳод гардида буданд, тақдим карда шуд.
Дар форуми мазкур зиёда аз 500 нафар, аз ҷумла хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ, устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ, кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар қисмати дуввуми фестивал дар майдони нишони давлатии шаҳри Бохтар “Намоиши маҳсулоти молиявӣ ва суғуртавӣ” баргузор гардид, ки дар он ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва соҳибкорони инфиродӣ маҳсулоти молиявӣ ва истеҳсолии худро ба маърази иштирокчиён гузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни намоиш дар саҳнаи асосии майдони театр намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ барои иштирокчиён бозиҳои зеҳнӣ ташкил карданд ва ба ғолибон туҳфаҳои қиматбаҳо тақдим намуданд. Инчунин, аз ҷониби маркази дилхушии кӯдаконаи “Синбод парк” барои кӯдакон ва наврасон бозиҳои зеҳнӣ, саволу ҷавобҳо, кроссвордҳо ва дигар машғулиятҳои шавқовар гузаронида шуд.
Дар қисмати сеюми фестивал, чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он сарояндагони эстрадаи тоҷик бо суруду таронаҳо дилчасби хеш ҳунарнамоӣ ва табъи иштирокчиёни фестивалро болида гардониданд.
Ва ниҳоят, қайд кардан зарур аст, ки аз баргузории фестивали “Саводнокии молиявӣ” тавассути шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram зиёда аз 1 млн. 500 ҳазор нафар огаҳӣ пайдо намуда, 8 000 нафар бевосита ширкат варзиданд.