Ба Ҷамъияти саҳомии Бонки тиҷоратии “Соколовский” иҷозатнома дода шуд

Бойгонии ахбор
01.12.2023

Ба Ҷамъияти саҳомии Бонки тиҷоратии “Соколовский” иҷозатнома дода шуд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2023, таҳти №125 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, ба Ҷамъияти саҳомии Бонки тиҷоратии “Соколовский”, ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия таъсис ёфта, амал менамояд, барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Астрасенд” ба муҳлати номаҳдуди амал иҷозатнома дода шуд.

Тибқи қарори мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку