14 декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушди маҳаллӣ ва хориҷӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.
Қисмати аввали чорабинии мазкурро муовини раиси шаҳри Кӯлоб Мунаваршо Ташрифзода ифтитоҳ намуда, оид ба нақш, моҳият ва зарурияти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ баромад кард.
Сипас, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ доир ба иҷрои корҳо дар самти татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва нақши саводнокии молиявӣ дар рушди низоми бонкии мамлакат суханронӣ намуд.
Дар идомаи ҳамоиш ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Дилшод Раҳмон ба сухан баромада, оид ба мазмун ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ андешаҳояшро баён намуда, иброз дошт, ки масъалаи мазкур яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар доираи баргузории чорабинии мазкур мутахассисони соҳаи низоми бонкӣ, соҳибкорони муваффақ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ дар мавзуъҳои мухталифи бахши саводнокии молиявӣ баромад намуданд.
Аз ҷумла, дар мавзуъҳои “Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми молиявӣ” директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳалим Мирзоалиев, “Рақамикунонии пардохтҳо ва тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ” муовини сардори идора – сардори шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамии Бонки миллии Тоҷикистон Фурқат Раҳматов, “Таъсири меъёрҳои иҷтимоӣ ба рафтори молиявӣ” мушовири Корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ (IFC) Бобоалиева Зарина, “Саводнокии молиявӣ – заминаи асосӣ барои тиҷорати муваффақ” коршиноси German Sparkassenstiftung Олим Зайниддинзода ва дар мавзуи “Низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини сардори идора – сардори шуъбаи назорати ташкилотҳои суғуртавии идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Бобурхон Бобоев бо истифода аз рӯнамоҳои муфассал суханронӣ карданд.
Қобили қайд аст, ки барои ҷолибу шавқовар гузаштани “Форуми саводнокии молиявӣ” ҳаҷвнигорони шинохтаи маҳаллӣ барномаҳои ҳаҷвӣ ва саҳнаҳои ҳаётӣ оид ба мавзуи молия манзур намуданд.
Дар қисмати охири ин бахш маҳфили саволу ҷавоб доир гардид ва аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ба нафарони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар форуми мазкур зиёда аз 300 нафар хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ, устодон ва донишҷӯёни макотиби олӣ, кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, дар қисмати дуюми форум, дар майдони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ “Намоиши маҳсулоти молиявӣ ва суғуртавӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ширкат варзида, маҳсулоти молиявӣ ва истеҳсолии худро ба иштирокчиён манзур намуданд.
Дар ҷараёни намоиш намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ барои иштирокчиёни ҷамъомад бозиҳои шавқовари зеҳнӣ баргузор карда, фаъолонро бо туҳфаҳои қимматбаҳо қадрдонӣ карданд.
Бо ин васила, дар фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 3 000 нафар бевосита иштирок намуда, дар бораи баргузории чорабинии мазкур тавассути телевизион, радио инчунин, шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram зиёда аз 1 млн. нафар огаҳӣ пайдо намуданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ