13.02.2024
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти мониторинги молиявӣ
I
Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи таҳлил ва тадқиқот (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
-
маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (иқтисодӣ);
-
малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
-
қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
-
доштани таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 1 сол;
-
донистани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ, инчунин паҳлуҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба самти мазкур алоқаманд мебошанд;
-
донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дорад.
II
Мутахассиси шуъбаи таҳлил ва тадқиқот (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (иқтисодӣ);
- малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
- қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос афзалият дорад;
- донистани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дорад.
III
Мутахассиси шуъбаи коркарди иттилоот (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
- таҷрибаи корӣ дар самти маъмурии низомҳои автоматишуда;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
- донистани яке аз забонҳои барномасозии муосир (Java/Python, PHP ва дигарҳо);
- таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии системаҳои омилии UNIX ва Linux афзалият дорад;
- донистани қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 5 марти соли 2024