Шарҳи мухтасари натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ ва суғурта дар соли 2023

Бойгонии ахбор
14.02.2024

Шарҳи мухтасари натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ ва суғурта дар соли 2023

Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, таҳти №АП-1677 ва дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2023 аз 18 декабри соли 2023, №26/10-491 дар Бонки миллии Тоҷикистон 14 феврали соли 2024 таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ва иштироки хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

01.JPG

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон баъди ифтитоҳи чорабинии мазкур изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши бонкию молиявӣ, сиёсати пулию қарзиро татбиқ намуда, ба рушди иқтисодиёти миллӣ, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ мусоидат намуда истодааст.

Бонки миллии Тоҷикистон соли 2023 фаъолияти худро дар самти татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ, нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт чораҳои зарурӣ андешид.

Сиёсати монетарӣ
Сатҳи таваррум муътадил аст

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд кард, ки дар соли 2023 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (6% ± 2 банди фоизӣ) ҷамъбаст гардида, 3,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 0,4 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,4 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 6,6 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 1,2 фоиз ба амал омад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ ҷиҳати идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ-қурбӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 108 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистонро ба маблағи 8,9 млрд сомонӣ баргузор кард. Дар баробари ин, дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 721,9 млн сомониро ташкил менамоянд.

Меъёри бозтамвил, ки ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилию берунӣ бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ аз аввали соли 2023 тадриҷан ба андозаи 3,0 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 10,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Вазъи бозори дохилии асъор муътадил гардид

Қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро тибқи реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дод. Дар соли 2023 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 7,4 фоиз (аз 10,2024 сомонӣ дар санаи 31.12.2022 то ба 10,9571 сомонӣ дар санаи 31.12.2023) паст гардид.

Агар ба вазъи қурби асъори кишварҳои минтақа дар ин давра назар андозем, маълум мегардад, ки қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбат ба доллари ИМА паст гардидааст. Барои мисол, қурби рубли Федератсияи Россия 27,5 фоиз, рубли Беларус 16,1 фоиз, лираи Туркия 57,4 фоиз, суми Ӯзбекистон 9,9 фоиз, соми Қирғизистон 4,0 фоиз ва юани Чин 1,7 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтааст.

Низоми бонкӣ
Афзоишёбии воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ

02.JPG

Ба ҳолати 31 декабри соли 2023, - гуфт Ф.Толибзода, - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 25 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ ба 1 897 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 35 адад зиёд мебошад.

      Афзоиши ҳаҷми дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоя таъмин гардид

Дар идома қайд гардид, ки дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи 31 декабри соли 2023 ба 37,7 млрд сомонӣ ва 30,3 млрд сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мувофиқан 25,5 фоиз (ё 7,6 млрд сомонӣ) ва 27,8 фоиз (ё 6,6 млрд сомонӣ) зиёд мебошад.

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи 31 декабри соли 2023 ба 7,4 млрд сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли 2022 1,1 млрд сомонӣ ё 16,9 фоиз зиёд шудааст.

Бақияи пасандозҳо 25,5 фоиз зиёд гардид

Гуфта шуд, ки ба ҳолати 31 декабри соли 2023 бақияи умумии пасандозҳо 19,5 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли 2022 25,5 фоиз зиёд мебошад.

Қобили қайд аст, ки аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи он бо пули миллӣ 55,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 44,5 фоизро ташкил намуд.

Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо 8,9 млрд сомонӣ ё 45,8 фоизи он ба шахсони ҳуқуқӣ ва 10,6 млрд сомонӣ ё 54,2 фоиз ба шахсони воқеӣ рост меояд.

Ҳаҷм ва теъдоди қарзҳои додашуда афзоиш ёфтанд

Тавре маълум аст, - зикр намуд Ф.Толибзода, - маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.

Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соли 2023 маблағи 19,0 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 4,6 млрд сомонӣ ё 32,0 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 43,1 фоиз, кишоварзӣ 14,4 фоиз, савдои хориҷӣ 11,7 фоиз, саноат 14,1 фоиз, хизматрасонӣ 7,1 фоиз, сохтмон 3,8 фоиз ва дигар соҳаҳо 5,8 фоиз рост меояд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 37,8 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 7,2 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 1,9 млрд сомонӣ ё 36,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2023 ба маблағи 13,6 млрд сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 29,1 фоиз зиёд мебошад.

03.JPG

Фоизи миёнавазни қарзҳо дар соли 2023 бо пули миллӣ 23,2 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 бо пули миллӣ 0,14 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 0,16 банди фоизӣ паст мебошад.

Фаъолияти босуботи низоми бонкӣ таъмин гардид

Меъёри кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, ба санаи 31 декабри соли 2023 21,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда (12 фоиз) 9,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Меъёри пардохтпазирии низоми бонкӣ ба санаи 31 декабри соли 2023 ба 81,0 фоиз баробар гардида, нисбат ба талаботи муқарраршуда 51,0 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ба интиҳои соли 2023 қарзҳои ғайрифаъол 12,5 фоизи сандуқи қарзиро ташкил доданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 0,5 б.ф. зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ, натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2023 бо фоида ба маблағи 999,3 млн сомонӣ ҷамъбаст гардид.

Даромаднокии дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ (RоA) ба санаи 31 декабри соли 2023 2,7 фоиз ва даромаднокии сармояи он (RоE) бошад, 13,6 фоизро ташкил намуд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати макропруденсалӣ ва танзиму назорати фаъолияти бонкӣ ташкилотҳои қарзии низомсоз (КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Бонки Эсхата”) ва ташкилоти қарзии эҳтимолан низомсоз (ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”)-ро барои соли 2024 муайян ва бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №12 аз 16 январи соли 2024 тасдиқ намуд.

Низоми пардохт рушд дорад

Ба ҳолати 31 декабри соли 2023 бошад, миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 6,7 млн ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 32,6 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар ин сана шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 8,7 млн адад баробар гардида, нисбат ба соли 2022 37,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ ба санаи ҳисоботӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 6 939 POS-терминал насб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2022 теъдоди онҳо 79,2 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 12,6 QR–рамзи ягона насб карда шуд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2022 28 фоиз кам буда, сабаби он гузариш ба QR-рамзи ягона мебошад.

Дар баробари ин, барои бо пули нақд таъмин намудани дорандагони кортҳои пардохтӣ соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ дар маҷмуъ 2 240 банкомат ва 3 492 терминали электронӣ дар хазинаҳои воҳидҳои сохтории бонкҳо насб карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2022 мувофиқан 29,9 фоиз ва 63,8 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2023 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасонӣ ба маблағи 15,5 млрд, сомонӣ анҷом дода шудаанд. Дар соли 2023 таносуби ҳиссаи амалиётҳои гирифтани пули нақд ва амалиётҳои ғайринақдӣ 80 фоиз ба 20 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ 8 банди фоизӣ зиёд гардид.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи қонунбаррасӣ шуданд

Таъкид гардид, ки риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” ва иҷрои он пайваста зери назорати қатъии Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.

Вобаста ба ин, дар соли равон 1 053 муроҷиат, аз ҷумла 467 адад тавассути телефони боварӣ, 346 адад тариқи қабули бевоситаи шаҳрвандон, 235 адад тариқи хаттӣ (аризаҳо) ва 5 адад тариқи почтаи электронӣ ба унвони Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардид, ки дар умум ҳамаи онҳо дар сатҳи зарурӣ баррасӣ гардида, ҳалли худро ёфтанд.

Сиёсати кадрӣ
Ҷалби бештари занону духтарон ба муассисаҳои низоми бонкӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, - гуфт Фирдавс Толибзода, - ба масъалаи ҷалби бештари занону духтарони соҳибтахассус ва соҳибтаҷриба ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ кардани онҳо диққати махсус медиҳанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба санаи 31 декабри соли 2023 шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 18'841 нафарро ташкил намуд, ки аз ин 7'611 нафарашро бонувон (ё 40,4 фоиз аз ҳаҷми умумӣ) ташкил дода, шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 659 нафар зиёд мебошад.

Аз ин шумора 3'849 нафар зан ҳамчун кормандони фронт-офис фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии бонувони дар низоми бонкӣ фаъолияткунанда 515 нафар ба бахши роҳбарикунанда рост меояд (19,4 фоизи шумораи умумии вазифаҳои роҳбарикунанда дар низоми бонкӣ).

Нишондиҳандаҳои ташкилотҳои суғуртавӣ афзоиши устувор доранд

Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 16 ташкилоти суғуртавӣ, аз ҷумла 1 ташкилоти суғуртавии давлатӣ ва 15 ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ бо 66 филиали худ ба аҳолии ҷумҳурӣ хизматрасониҳои суғуртавиро пешниҳод намуданд.

Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар соли 2023 нишон дод, ки нишондиҳандаҳои асосии соҳа афзоиши устувор доштанд, аз ҷумла дороиҳои низом нисбат ба соли қаблӣ 18,1 фоиз, сармояи умумӣ 18,7 фоиз, сармояи оинномавӣ 19,6 фоиз, захираҳои суғуртавӣ 11,3 фоиз, мукофотҳои суғуртавӣ 33,9 фоиз, сармоягузориҳо 6,8 фоиз ва пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 63,4 фоиз зиёд гардиданд.

Дар маҷмуъ, дар соли ҳисоботӣ саҳми дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявӣ тибқи ҳисоботҳои фаврӣ 2,0 фоизро ва нисбат ба ММД 0,6 фоизро ташкил кард.

Миқдори умумии шартномаҳои басташудаи ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли 2023 ба 2,3 млн адад баробар шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 207,6 ҳазор адад (9,8%) зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи даромаднокии дороиҳои (RоA) ташкилотҳои суғуртавӣ ба санаи 31 декабри соли 2023 11,9 фоиз ва нишондиҳандаи даромаднокии сармоя (RоE) 20,9 фоизро ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ мувофиқан 0,5 ва 0,8 банди фоизӣ зиёд мебошанд.

Робитаҳои байналмилалӣ самара меоранд

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари сармояи хориҷӣ бо чунин ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди Авруосиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳоди дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

04.JPG

Қайд намудан зарур аст, ки ҷалби бештари сармояи дохилӣ ва хориҷӣ яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар соли 2023 ба низоми бонкии кишвар 2 204,6 млн доллари ИМА қарз, сармоягузориҳои мустақим ва ҷомадонӣ ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ­­­­­ 66,8 фоиз зиёд мебошад.

“Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи самараноки сиёсати пулӣ, пурзӯр намудани танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, тақвияти идоракунии корпоративӣ ва ба ин васила нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ пайваста чораҳои зарурӣ хоҳад андешид”, - гуфт дар интиҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода.

Дар бахши саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ оид ба татбиқи Фармони Президенти ҶТ “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, меъёри таваррум, тағйири меъёри бозтамвил, рафти иҷрои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, раванди татбиқи бонкдории исломӣ, фурӯши сабикаҳои ченакии тилло, ҳаҷми захираҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон, пешгирии амалҳои қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фоизи қарзҳо, бозори коғазҳои қиматнок, ҷалби маблағҳо, ифтитоҳи намояндагии бонкҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Нишастро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҳусни анҷом бахшида, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти низоми бонкӣ изҳори сипос намуд ва барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои самарабахш омодагии хешро баён дошт.


Шуъбаи матбуоти
БМТ

 


Возврат к списку