Ташрифи ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
23.02.2024

Ташрифи ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон

Дар вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, ки 23 феврали соли 2024 доир гардид, вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд. Дар мулоқот роҳбари намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Озан Севимлӣ, роҳбари намояндаи доимии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявии Бонки Ҷаҳонӣ (IFC) Фаррух Султонов, сармутахассис оид ба амалиёти Бонки Ҷаҳонӣ Раҳимҷон Асангазиев ва сариқтисодчии Бонки Ҷаҳонӣ Илёс Сарсенов иштирок намуданд.

01.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо Бонки Ҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки яке аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ рушди фарогирии молиявӣ, бахусус дар бахшҳои рақамикунонӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаҳои марбут ки ба бахшҳои идоракунии молиявӣ, аз ҷумла “Барномаи таҳкими бахши молиявӣ”, ки бо кумаки молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SECO) ва “Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ” амалӣ мешаванд, ҳамкории наздик ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, зикр гардид, ки бо дастгирии кумаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон оид ба интизориҳои таваррум дар байни аҳолӣ пурсиш гузаронидааст, ки натиҷаи он барои қабули қарорҳо дар сиёсати пулию қарзӣ аҳаммияти калон дорад.

02 (2).JPG

Роҳбари намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Озан Севимлӣ ва роҳбари намояндаи доимии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявии Бонки Ҷаҳонӣ (IFC) Фаррух Султонов дар навбати худ сатҳи хуби ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд намуда, барои боз ҳам тавсеа бахшидани онҳо, аз ҷумла дар самти устувории низоми бонкии Тоҷикистон омодагии хешро иброз доштанд.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ҷалби маблағгузорӣ ба бахши хусусӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва барориши вомбаргҳои сабз, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, пешбурди ислоҳоти молиявӣ, таъсиси Академияи бонкӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар изҳор намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо иброз доштанд, ки ҳамкориҳо миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

 

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку