Фаъолияти низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ҷамъбаст гардид

Бойгонии ахбор
05.03.2024

Фаъолияти низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ҷамъбаст гардид

1 марти соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом ҷаласаи ҷамъбастии вазъи низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъулини воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон иштирок намуданд.

01.JPG

Нахуст, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд, ки суғурта ҳамчун низоми ҳимоя ва дастгирии манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар самти таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк унсури асосии иҷтимою иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт ва хоҷагии халқ муҳим арзёбӣ мегардад. Суғурта барои амалишавии принсипи рӯйпушкунии зарарҳо равона шуда, ҳамзамон дар шароити муосир ҳамчун яке аз фишангҳои суботи молиявии кишварҳо ба ҳисоб меравад.

Қайд карда шуд, ки дар соли 2023 бо вуҷуди таъсири вазъи мураккаби ҷаҳон, аз ҷумла муноқишаҳои минтақавӣ, таҳримҳои сиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ, рушди соҳаи суғуртаи кишвар таъмин гардид.

Аз ҷумла, дар соли ҳисоботӣ дороиҳои низом нисбат ба соли қаблӣ 18,1 фоиз, сармояи худӣ 18,7 фоиз, захираҳои суғуртавӣ 11,3 фоиз, мукофотҳои суғуртавӣ 33,9 фоиз, сармоягузориҳо 6,8 фоиз ва пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 63,4 фоиз зиёд гардида, дар баробари ин, пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ 13,6 фоиз коҳиш ёфтанд.

Сироҷиддин Икромӣ таъкид намуд, ки Роҳбарияти Олии кишвар ба рушди низоми суғурта таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он супоришҳои мушаххас додаанд.

02.JPG

Аз ҷумла, барои таъмини рушди соҳа таваҷҷуҳи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷалб гардида, айни замон якчанд лоиҳаҳои кумаки техникӣ татбиқ гардиданд, ки масъалаҳои ҷорӣ намудани раванди муосири ҳисоботдиҳӣ ва таҳлилӣ, таҳияи Стратегияи рушди бозори суғурта ва баланд бардоштани дараҷаи касбии мутахассисони соҳаро дар бар мегиранд.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини рушди низоми суғурта бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои саривақтӣ ва самаранок андешида истодааст.

Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намуд, ки он якуми марти соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

“Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» барои такмили низоми ташкилотҳои суғуртавӣ, назорати фаъолияти иштирокдорони бозори суғурта ва танзими низоми иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ равона гардидааст”, - таъкид намуд С.Икромӣ.

Сипас, сардори идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Дилбар Ҳусейнова бо пешниҳоди рӯнамои муфассал “Вазъи бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023” аҳли нишастро бо нишондиҳандаҳои асосии низоми суғурта шинос намуд.

Дар қисмати муҳокимаи ҷаласа масъалаҳои мубрами сифати дороиҳо, ҳаҷми сармоя, мукофоти суғуртавӣ, мақсаднокии пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ ва дигар мушкилиҳои ҷойдошта, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд.

03.JPG

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа фаъолияти ҳар як ташкилоти суғуртавиро дар алоҳидагӣ муҳокима намуда, аз масъулини ташкилотҳои суғуртавӣ даъват ба амал овард, ки фаъолияти худро тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба роҳ монанд ва дар масъалаи таъмини пардохтпазирӣ ва устувории молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, таъмини шаффофияти амалиёт, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосиру иноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, вусъат додани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мактабҳои олии кишвар чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар охир аз ҷониби Сироҷиддин Икромӣ қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба ҳалли ҳамагуна мушкилоти ҷойдоштаи ташкилотҳои суғуртавии кишвар дар доираи ваколатҳои худ мусоидат намуда, бо амалигардонии мониторинги доимии фаъолияти бозори суғурта ислоҳоти сохторию солимгардониро дар соли 2024 идома медиҳад.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа аз масъулини бозори суғуртаи ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти худро тибқи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ монда, барои баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳми назарраси худро гузоранд.

 

 

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку