Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
13.03.2024

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин 

  О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД 

Департаменти технологияҳои иттилоотӣ 


  I

Мутахассиси пешбари шуъбаи коркард ва
пешбурди барномаҳо (1 ҷой)
    

Талабот ба номзад:

  • Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз забонҳои барномасозии JavaScript, Java, Python, C#, PHP, Golang ё дигар;
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз фреймворкҳои Angular, VueJS, React, Django, Laravel, ASP.NET Core ё дигар;
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз пойгоҳҳои маълумотҳои MS SQL, Postgresql, MySQL ва ё дигар;
  • Доштани маълумоти кофӣ оид ба техникаи ҳисоббарор ва чопӣ, таҷҳизоти серверӣ ва коммуникатсионӣ;
  • Пайваста омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани технологияҳои навтарин дар соҳаи барномасозӣ;
  • Донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – дар сатҳи хондани ҳуҷҷатҳои техникӣ;
  • Доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ.

II 

Мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонии
барномавию техникӣ (1 ҷой)     

Талабот ба номзад:

  • Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • Насбу васли қисмҳои электронии таҷҳизоти компютерӣ;
  • Таҷрибаи корӣ дар муайян намудани нуқсонҳои таҷҳизоти компютерӣ, чопкунӣ, телекомуникатсионӣ ва бартараф намудани онҳо;
  • Таъмир ва тармими қисмҳои электронии таҷҳизоти техникӣ;
  • Таҷрибаи корӣ оид ба ташкил ва омодасозии шабакаи компютерӣ (LAN, Wi-Fi);
  • Таҷрибаи корӣ бо таҷҳизоти телефонӣ (АТС) афзалият дорад;
  • Доштани маълумот оиди ҷузъиёти электронии таҷҳизоти компютерӣ (тарзи кори микросхемаҳо ва ғ.);
  • Донистани насбу омодасозии низомҳои амалиётии Microsoft Windows, барномаҳои офисӣ, таҷҳизоти периферӣ (насб, танзим ва ғ.);
  • Насб ва танзими барномаҳои зиддивирусӣ;
  • Омодасозии барномаҳои TrueConf, Zoom, Webex, Vinteo, MS Teams ва дастгирии техникӣ дар рафти чорабиниҳои маҷозӣ;
  • Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • Доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ.

III

Мутахассиси пешбари шуъбаи маъмурияти
низомҳои иттилоотӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • Насбу васли таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ;
  • Таҷрибаи корӣ оид ба ташкили шабакаи компютерӣ (WAN, LAN, WLAN);
  • Донистани низомҳои амалиётии Microsoft Windows Server, Linux ва FreeBSD
  • Таҷрибаи корӣ дар низомҳои Proxy Server, Web Server, Mail Server, FTP Server (насб, танзим ва ғ.);
  • Донистани низомҳои маҷозикунонии VMware ESX ва MS Hyper;
  • Доштани таҷрибаи корӣ бо Контроллери домен, VPN, VLAN, DNS, DHCP, NTP;
  • Насб ва танзими барномаҳои зиддивирусӣ;
  • Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • Доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ. 

IV

Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи
маъмурияти низомҳои иттилоотӣ (1 ҷой) 

Талабот ба номзад:

  • Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • Насбу васли қисмҳои электронии таҷҳизоти компютерӣ;
  • Таҷрибаи корӣ оид ба ташкили шабакаи компютерӣ (WAN, LAN, WLAN);
  • Донистани низомҳои омилӣ: Microsoft Windows Server ва Linux.
  • Донистани низомҳои Proxy Server, Web Server, Mail Server (насб, танзим ва ғ.);
  • Доштани таҷрибаи корӣ бо Active Directory, VPN, VLAN, DNS, DHCP;
  • Насб ва танзими барномаҳои зиддивирусӣ;
  • Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • Доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 4х6;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00
дар нишонии зерин шуруъ мегардад: ш.Душанбе,
хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38, 600-32-11
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 2 апрели с.2024

 

 

 


Возврат к списку