22.11.2010
Вазъи қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурби миёнаи долл. ИМА 19 ноябр ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ мӯътадил боқӣ монда, 4,4600-4,4730 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, андаке афзуда мувофиқан ба 1,4300-1,4350 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,0000-6,0500 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 22 ноябр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме паст фаромада, дар ҳудуди 4,4600-4,4700 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ