09.11.2010
Вазъи қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурби миёнаи долл. ИМА рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке афзуда, 4,4680-4,4750 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, мӯътадил боқӣ монда мувофиқан ба 1,4350-1,4400 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,1200-6,15000 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 9 ноябр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар ҳудуди 4,4650-4,4750 сомонӣ қарор ёфт. Маркази матбуоти БМТ ш. Душанбе