04.11.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина
Қурби миёнаи долл. ИМА 2-3 ноябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме паст фаромада, 4,4640-4,4700 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, мӯътадил боқӣ монда мувофиқан ба 1,4300-1,4400 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,1200-6,15000 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 4 ноябр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе дар ҳудуди 4,4650-4,4700 сомонӣ қарор ёфт. Маркази матбуоти БМТ ш. Душанбе